Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
14 октябр суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.
Дар ҷараёни суҳбат Президенти Федератсияи Русия аз Сарвари давлати мо барои пазироӣ ва меҳмоннавозии гарм зимни сафари давлатиашон ба Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.
Ҷонибҳо ҳамзамон ҷанбаҳои алоҳидаи мувофиқаҳои дар доираи ин сафар бадастомадаро мавриди баррасӣ қарор дода, роҳҳои татбиқи минбаъдаи онҳоро мушаххас сохтанд.