Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Татяна Молчанро ба ҳузур пазируфтанд
14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест — 2025” Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо хонум Татяна Молчанро ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо баррасӣ карда шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳамкорӣ бо Комиссия ҷузъи муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва рушди устувори иқтисодии кишвар мебошад.