Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои Маҷмааи хизматрасонии техникии парвозҳоро ба истифода доданд

Опубликовано admin - чт, 20/11/2025 - 14:07

ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои Маҷмааи хизматрасонии техникии парвозҳоро ба истифода доданд.

Иншоот бо мақсади таъмин намудани эҳтиёҷоти хадамоти хизматрасонии техникӣ, ки фаъолияташ ба хизматрасонӣ ва дастгирии техникии ҳавопаймоҳо вобаста мебошад, дар масоҳати 936 метри мураббаъ бунёд шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 3 қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом — Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз ва Кучкак-Конибодомро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Опубликовано admin - чт, 20/11/2025 - 14:05

ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом — Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз ва Кучкак-Конибодомро бо буридани лентаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - чт, 20/11/2025 - 10:13

ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чавроқ» ҳамчунин, ба таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро, ки бо саҳми мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд карда шудааст, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд. 

Аввалин иншооте, ки ба тариқи маҷозӣ ба истифода дода шуд, корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хишти ором” дар деҳоти ба номи Дадобой Холматов мебошад, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти пластикии ҶДММ «Чавроқ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Опубликовано admin - чт, 20/11/2025 - 10:00

ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти пластикии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чавроқ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Коргоҳ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35 солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар раванди татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Анвар Зафарзода бунёд шуда, дорои хатҳои мусоири истеҳсолӣ мебошад.