Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи тандурустӣ, ду корхонаи саноатӣ ва як сардхонаро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ба истифода додани корхонаи истеҳсоли ранг ва хокаи хушки бинокории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Тиглат, дар ҳамин ҷо як иншооти соҳаи тандурустӣ, ду корхонаи саноатӣ ва 1 сардхонаро дар шаҳри Гулистон тариқи фосилавӣ ифтитоҳ карданд.