Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 01.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд бо ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Базаи таъминоти Ширкати Барс дар шаҳри Бӯстон оғоз гардид.
Корхонаи мазкур бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Мирзоабдураҳмон Мирзобаҳодуров дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бунёд гардидааст.