Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Опубликовано admin - чт, 18/06/2026 - 10:47

ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Ҷон Трамп барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли эҳтиром ва самимият ба Шумо ва мардуми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико табрикоту таҳнияти инҷонибро ба муносибати расидан ба  созиши сулҳ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон иброз менамоям.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Опубликовано admin - чт, 18/06/2026 - 10:45

ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли эҳтиром Шумо ва мардуми шарифи Ҷумҳурии Исломии Эронро ба муносибати дастёбӣ ба созиши сулҳ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико самимона табрик мегӯям.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд

Опубликовано admin - ср, 17/06/2026 - 14:00

ДУШАНБЕ, 17.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд,  имзо гузоштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» имзо гузоштанд

Опубликовано admin - вт, 16/06/2026 - 19:57

ДУШАНБЕ, 16.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд ва баъд аз қабули Қонун ба он имзо гузоштанд.