Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷараёни сохтмони корхонаи металлургии ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» дидан намуданд
ДУШАНБЕ, 09.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷараёни сохтмони корхонаи металлургии ҶСП Комбинати металлургии тоҷик дидан намуданд.
Тибқи нақшаи сохтмонӣ корҳои сохтмонии корхонаи мазкур дар ду марҳила ҷараён мегирад:
Марҳилаи аввал 1 апрели соли 2025 оғоз гардида буд. Дар ин марҳила истеҳсоли консентрати оҳан ва окатиш ба роҳ монда мешавад ва он моҳи сентябри соли 2027 ба анҷом хоҳад расид.