Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
ДУШАНБЕ, 31.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 31 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноташон гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи муваққатӣ Сарвари давлатро масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Исфара ва сокинони маҳаллӣ самимона истиқбол гирифтанд.