Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» иштирок намуданд

Опубликовано admin - сб, 20/12/2025 - 07:51

ДУШАНБЕ, 20.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токиои Ҷопон дар Ҳамоиши муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Ҳукумати Ҷопон барои дастгирӣ аз татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои иқтисод, зерсохтор, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, экология, тандурустӣ, маориф ва беҳдошт миннатдории самимӣ изҳор намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси ҳизби ҳокими Либералӣ-демократии Ҷопон, собиқ Сарвазири Ҷопон Таро Асо мулоқот намуданд

Опубликовано admin - пт, 19/12/2025 - 15:50

ДУШАНБЕ, 19.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо муовини Раиси ҳизби ҳокими Либералӣ-демократии Ҷопон, собиқ Сарвазири Ҷопон ҷаноби Таро Асо мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷониба ва нақши муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” дар рушду густариши робитаҳои Тоҷикистону Ҷопон баррасӣ шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми Таро Асоро дар рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Япония назаррас номиданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токиои Ҷопон бо як гурӯҳ донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд

Опубликовано admin - пт, 19/12/2025 - 14:09

ДУШАНБЕ, 19.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токиои Ҷопон бо як гурӯҳ донишҷӯёни тоҷик мулоқоти самимӣ доир намуданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароити таҳсили донишҷӯён пурсон шуда, бо итминон иброз доштанд, ки онҳо донишу малакаи дар Ҷопон бадастовардаи худро барои рушду пешбурди Тоҷикистони азизамон сафарбар хоҳанд кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Палатаи мушовирони Парлумони Ҷопон Секигучи Масакадзу мулоқот намуданд

Опубликовано admin - пт, 19/12/2025 - 12:45

ДУШАНБЕ, 19.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Раиси Палатаи мушовирони Парлумони Ҷопон Секигучи Масакадзу мулоқот намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба ҳамкории байнипарлумонӣ бо Ҷопон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.

Дипломатияи парлумонӣ василаи муассири таҳкими минбаъдаи муколамаи байнидавлатӣ номида шуд.