Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Опубликовано admin - вт, 16/12/2025 - 12:23

16.12.2025, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.

Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд.

Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар”

Опубликовано admin - вт, 16/12/2025 - 09:30

ДУШАНБЕ, 16.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр дар толори Парлумони Тоҷикистон ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум оғоз гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ мекунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқобод дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод иштирок намуданд

Опубликовано admin - пт, 12/12/2025 - 11:35

ДУШАНБЕ, 12.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод, ки дар доираи “Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод, 2025” баргузор мегардад, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар оғози сухан Сарвари давлати мо ба роҳбарияти Туркманистон ва Созмони Милали Муттаҳид барои роҳандозии ин ҳамоиши байналмилалии муҳим арзи сипос намуда, мардуми Туркманистонро бо 30-солагии бетарафии доимии кишвар табрику таҳниат гуфтанд.