Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Бозори Турсунзода»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - вт, 09/12/2025 - 11:42

ДУШАНБЕ, 09.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ҶДММ Бозори Турсунзодаро, ки иншооти калони дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ аст, ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.

Иншоот дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи шоиста аз 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкорони ватанӣ сохта шудааст.

12 бино бо тарҳи милливу муосир ва 10 соябон дар масоҳати умумии 14 гектар замини бекорхобида ҷавобгӯй ба талаботи замон бунёд гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти корхонаи маҳсулоти алюминии ҶДММ «Алюминийи аввалин» оғоз бахшиданд

Опубликовано admin - вт, 09/12/2025 - 11:20

ДУШАНБЕ, 09.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода корхонаи нави маҳсулоти алюминийи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Алюминийи аввалинро мавриди истифода қарор доданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 6 кӯдакистони хусусиро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд

Опубликовано admin - вт, 09/12/2025 - 11:15

ДУШАНБЕ, 09.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба истифода супоридани Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ғунчаҳои Истиқлол дар шаҳри Турсунзода, ҳамчунин кӯдакистони хусусии Дунёи ширин дар кӯчаи Ҷалолиддини Балхӣ, муассисаи томактабии Лабханди кӯдак дар деҳоти Регар, кӯдакистони Ҷони бобо дар шаҳри Турсунзода, боғчаҳои хусусии Шукуфа ва Лола”, ҳамчунин Муассисаи томактабии наздимуассисавии деҳаи Шӯрхокро ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаҳои Истиқлол»-ро ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - вт, 09/12/2025 - 11:10

ДУШАНБЕ, 09.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ғунчаҳои Истиқлолро дар деҳаи Исмоили Сомонӣ мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави кӯдакистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.