Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Опубликовано admin - чт, 04/12/2025 - 15:00

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Европа ва созмонҳои дигари
байналмилалӣ (Вена, Австрия) таъин намудани Ҷобир М.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Ҷобир Манучеҳр ҳамзамон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Европа ва созмонҳои дигари байналмилалӣ (Вена, Австрия) таъин карда шавад.

 

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев»-ро ба истифода доданд

Опубликовано admin - ср, 03/12/2025 - 12:00

ДУШАНБЕ, 03.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Фазлиддин Муҳаммадиеви ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти нави дуошёна дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе  дар масоҳати 0,17 гектар замин қомат афрохта, барои 300 хонанда дар 2 баст пешбинӣ шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии «Гулистон»-ро ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - ср, 03/12/2025 - 10:40

ДУШАНБЕ, 03.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии «Гулистон»-ро ба истифода доданд.

Муассисаи таҳсилоти томактабии наву замонавӣ бо роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Манучеҳр Каримзода бо тарҳи муосиру зебо бунёд ёфтааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе «Кӯдакистони байналмилалии инноватсионии Басбӣ»-ро ба истифода доданд

Опубликовано admin - ср, 03/12/2025 - 10:20

ДУШАНБЕ, 03.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Рустам Амакиеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Кӯдакистони байналмилалии инноватсионии Басбиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.