Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 11.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми сулҳ ва эътимод дар шаҳри Ашқобод бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд.
Дар мулоқот як зумра масоили вобаста ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори дар руҳияи шарикии стратегӣ рушд додани ҳамкорӣ бо Туркманистон мебошад.