МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ Душанбе, 25 июли соли 2026
Кормандони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Телерадиоком» дар машқи пагоҳирӯзӣ, ки дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.
Кормандони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Телерадиоком» дар машқи пагоҳирӯзӣ, ки дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.
ДУШАНБЕ, 20.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боздиди давлатӣ ба Муғулистон сафар карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
ДУШАНБЕ, 17.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои барои таъин ба вазифаҳои ҳайати роҳбарӣ дар вазорату идораҳои соҳаҳои бонкдорӣ, маориф, илм, нақлиёт, энергетика, гумрук ва нафақа пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибихтисос, донандагони забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотӣ-истеҳсолӣ муовинони роҳбарони вазорату идораҳои бахшҳои номбурда доир ба рақамикунонии истеҳсолот ва технологияи муосири рақамӣ таъин гардиданд.
14.07.2026, шаҳри Душанбе
Муҳтарам кормандони мақомоти адлия!
Дар арафаи ҷашни муқаддаси 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ гардидани бинои нави Вазорати адлияро, ки натиҷаи таваҷҷуҳи хоссаи давлат ба рушди низоми ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти хизматчиёни давлатӣ мебошад, ба ҳамаи шумо табрик мегӯям.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ ташаккули давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳадафи асосии ҷомеаи мо эълон гардида, заминаҳои устувори рушди низоми ҳуқуқӣ ва волоияти қонун гузошта шуданд.